Намуд ба кӯча Запарин. Сурат: Алексей Сахно.

Проект реализуется при поддержке Фонда президентских грантов

Аз соли 1880 то 1930 кӯчаи Запарин, Барабашевский ном дошт – ба ифтихори генерал Яков Фёдорович Барабаш, ки он дар давоми шаш сол сардори штаби кӯшунҳои вилояти Приморский буд, ки ба ҳайати он ҳозира кишвари Хабаровск дохил мешуд. Ба ғайр аз масъулиятҳои бевоситаи ҳарбии худ Яков Барабаш, соҳили дарёи Сунгариро таҳқиқот намудааст, сарҳади давлатиро дар вилояти Южний-Уссурийск муайян кардааст.

Хизматҳои ӯ дар назди ватан маълуманд, аммо соли 1930, дар давраи номи нав гузоштан ба объектҳои зиёд, ба кӯчаи Барабашевская номи нав дода шуд – ба ифтихори Константин Дмитриевич Запарин, командири взводи Артиши махсуси Байрақи Сурхи Шарқи Дур, ки дар вақти конфликт дар КВЖД 2-юми октбяри соли 1929 халок гардидааст.

То ба Шарқи Дур омадан соли 1928, Константин Дмитриевич дар Ҷанги гражданӣ иштирок кардааст, ки дар он ҷо ӯ захмҳои вазнин бародоштааст. Пас аз он гопитал, курсҳои фармондеҳӣ дар Тсаритсино ва мактаби аскарони пиёда, ки баъд аз хатми он аллакай на он қадар фармондеҳи ҷавонро (27 сола дар он солҳо барои хатмкунанда калон буд) ба «нуқтаи шадид»: ба Шарқи Дур фиристонданд.

Монеаи пешпо роҳи оҳани Хитойи-Шарқӣ буд, ки дар он муноқишаҳои мусаллаҳона ҳамеша идома доштанд. Дар яке аз онҳо, дар наздикии шаҳри Чжалайнор, Константин Запарин корнамоии худро анҷом дод: вай ба блиндажи душман ба зону рафта, ба сӯи ӯ норинҷак партофт, аммо худи ӯ маҷрӯҳ шуд ва ба дасти асирони чинӣ сафед (ҳамин тавр сарбозони артиши Чан Кайширо) меномидан.

Ҷасади ӯро пас аз чанд рӯз пайдо карданд, ки ба маънои аслӣ бо найзаҳо сӯрох карда шуда, дар қабри дастаҷамъӣ дар майдони истгоҳи Даурия дар якҷоягӣ бо сарбозони Артиши Сурхи Ким Ю Чен, ки дар ҳамон ҷанг ва ба номи ӯ низ яке аз кӯчаҳо дар маркази Хабаровск гузошта шудааст, ҳалок шудааст. Дар асл чунин ақида вуҷуд дорад, ки ҳам Запарин ва ҳам Ким Ю Чен дар Забайкале гӯронида нашуда, балки дар майдони Ленини Хабаровск дафн карда шудаанд, аммо қиссаи ин қабр, ҳанӯз пурра равшан нест.

Константин Запарин, қаҳрамони муноқишаи соли 1929 дар роҳи оҳани Шарқи Чин (акс аз манбаъҳои кушода) ва корҳои барқароркунӣ дар лавҳаи ёдгорӣ ба шарафи ӯ дар Хабаровск дар соли 2019 (акс: rotfront.su).

Запаринро шартан ба якчанд қисмҳо тақсим кардан мумкин аст.

Якум: аз роҳи автомобилии кушод аз назди Амур то кӯчаи Ленин. Дар ин ҷо ҳама намуди биноҳо сохта шудааст: биноҳои нӯҳошёнаи шӯравӣ бо «хрушевкаҳо» ва «сталинкаҳо» ва баракаҳо ва хонаҳои замонавӣ ва инчунин якчанд биноҳои таърихӣ боқӣ мондаанд.

Ҷолиби диққат аст, ки ин қисмати Барабашевская, мулки меросии боғдорони чинӣ буд, ки дар ин ҷо заминҳоро худсарона азони худ кардаанд. Пас аз кӯчонидани онҳо, фанза Лихоидовро харида, ба иҷора медод, ки барои ин ноҳия лақаби Лихойдовская Слободкаро гирифтааст. Дар соли 1910, ӯ хонаи №11-ро ба як савдогар бо номи Дод фурӯхт, аамо фарзандонаш маҷбур буданд, ки ин биноро дар охири солҳои 20-ум ба давлат фурӯшанд.

Дар ин қитъа боз як объекти ҷолиб мавҷуд аст, ки оиди мавҷудияти он ҳама намедонад. Ин парваришхонаи ба номи Шуранов. Дар маҷмӯъ, ин хонаест бо ҳавлии шахсии (ҳарчанд хеле калон – қариб се гектар) Петр Григоревич Шуранов, ки дар ибтидои асри XX-ум дар як ҷои холӣ маскан гирифта, дар ин ҷо хона сохта, боғ бунёд карданд ва дар тӯли солҳои зиёд, бо кӯмаки Мичурини машҳур, навъҳои нок, помидор ва дигар бисёр чизҳои Шарқи Дурро парвариш мекарданд. Шурановро дар боғи худаш дафн карданд, дар ин ҷо муҷассамаиӯ низ мавҷуд аст ва дар ҳудуди ниҳолпарварӣ, то ҳол ниҳолҳо ва тухмҳо фурӯхта мешаванд.

Дар баландӣ ба Муравёв-Амурский, яке аз аввалин «биноҳои бисерошёнаҳо»-и Хабаровск – бинои маъмурии 15-ошёна, дар байни қабатҳои 13-ум ва 14-ум бо барелефи мавзӯъи Шӯравӣ ҷойгир аст, ки онро шумораи ками одамон пай мебаранд, зеро рӯй гардондан ба боло начандон қулай аст. Он тобистони соли 1969 сохта шудааст. Воқеан, пас аз пайдо шудани «бобои бинощои бисерошёнаҳои Хабаровск», ба мақомоти шаҳр зарурияти ҳал намудани як масъалаи дигар пайдо шуд: харидани мошинҳои оташнишонӣ, ки дар ҳолати зарурият метавонистанд оташро дар «баландошёнаҳо» хомӯш кунанд. Аз ҷумла, ҳангоми харидани автонорбонҳо, онҳо кӯшиш карданд истофда баранд– оё ба қабатҳои болоӣ мерсад ё не?

Дар кунҷи Запарин ва Муравёв-Амурский – яке аз биноҳои ҷолибтарин кинотеатри «Гигант» аст. Соли 1972 дар рӯи кинотеатр лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба Константин Дмитриевич гузошта шуд. Дар соли 2019 – ба муносибати 90-умин солгарди ин корнамоӣ ва 120-умин солгарди Запарин, коммунистони маҳаллӣ онро барқарор карданд.

Ҳангоми боло рафтан ба Серишев, биноҳои таърихӣ на он қадар бисер боқӣ мондаанд: танҳо дар тарафи ҷуфти он як иморати ҷолиб боқӣ мондааст, ки дар солҳои 30-юми асри гузашта сохта шудааст. Ин бинои истиқоматӣ барои кормандони роҳбарикунандаи ҳарбӣ мебошад. Дар он вақт дар ин ҷо Николай Кузнетсов зиндагӣ мекард, фармондеҳи Флоти Уқёнуси Ором, дар солҳои 30-ум дар ин ҷо таҳти фармондеҳии Блюхер, ки дар ҷангҳо дар кӯли Ҳасан иштирок кардааст, зиндагӣ мекард.

Аз Серишев гузашта, дар тарафи тоқ штаби Округи низомии шарқиро мебинем. Гарчанде, ки дари даромадгоҳи ӯ ба Серишев боз мешавад, 90% одамон ба ин «секунҷаи Бермудӣ» маҳз тавассути посгоҳҳои воқеъ дар Запарин ворид мешаванд.

Кӯчаи Запарин дар Харитаи Google

Галереяи "Садои кӯчаҳо"