Намуд ба кӯчаи Шелест. Сурат: Алексей Сахно.

Проект реализуется при поддержке Фонда президентских грантов

Дар Хабаровск дар чоркӯча, ки аз кӯчаҳои Некрасов, Серишев ва Стантсионная иборат аст, мактаби №15 ҷойгир шудааст. Имрӯз ин маткаб номи Панҷ Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравиро дорад. Гап дар он аст, ки дар ин мактаб дар вақташ Владимир Тимолшук, Евгений Полтавский, Савелий Носов, Виктор Яшин ва Василий Шелест таҳсил кардаанд, онҳо дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қаҳрамонҳои ИҶСШ шудаанд. Номи охирон ду нафар дар номҳои кӯчаҳои Хабаровск ҷовидон шудаанд. Шелест-яке аз онҳо. Дар аввал ин кӯчаро ғайрирасмӣ Болшой ном гузошта буданд, азбаски ин кӯча мантиқан давоми кӯчаи Болшой буд. Соли 1951, ду кӯчаи пайвасткунандаи шоссе – Воронежское ва Тихоокеанское– номи Тихоновро гирифт: ба ифтихори нависанда ва шоир Николай Семенович Тихонов. Солҳои 40-уми асри гузашта ӯ ду маротиба номзади мукофоти Сталинӣ шудааст ва инчунин Кумитаи ҳифзи сулҳи шӯравиро роҳбарӣ намудааст.

25 октябри соли 1957 номи кӯчаи Тихоновро ба Магистралний иваз кардан. Номи нав ба пуррагӣ дуруст буд: кӯча гарчанде ки хурд аст, лекин ду ноҳияро пайваст мекунад - Кировский ва Железнодорожний ва ба тангии худ нигоҳ накарда сарбории ӯ дар намуди нақлиёти транзитӣ зиёд аст.

Дар арафаи 30 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо қарори кумитаи иҷроияи Шӯрои вилоятии вакилони коргарон №304 аз 24 апрели 1975 сол, кӯчаи Магистралниро ба Шелест номгузорӣ намуданд – ба ифтихори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Василий Галактионович Шелест.

Василий Шелест 3 июли соли 1923 дар деҳаи Орловкаи вилоят Амур таваллуд шудааст. Вақте, ки бача ҳафт сола шуд ва давраи ба мактаб рафтан наздик шуд, оилаи ӯ ба Хабаровск кӯчиданд. Нақл мекунанд, ки падараш бо ҷорӣ намудани колллективкунонӣ тоқат накарда, ба қарор омад, ки ба шаҳр кӯчад.

Онҳо маҷбур шуданд дар маҳаллаи барои коргарон, дурдаст аз шаҳр зиндагӣ кунанд – айнан ҳамин хел дар ҳамон давра ноҳияи вокзали роҳи оҳан буд. Ба cахтии ҳаёт нигоҳ накарда, писарбача ба санъат ва осмон рақобат дошт: Василий дар скрипка бозӣ мекард ва ба аэроклуб мерафт. Эҳтимол, ба ин майлу рақобат мактаб асос шуда буд: он соли 1936 сохта шудааст ва дар мобайни заминҳои шахсии торик ва баракҳо, бинои нави чорошёна ба назар дар асл қаср менамуд. Дар ин навбат ба мактаб коллективи муаллимони беҳтарин ба кор оғоз намуданд, ки бинобар он дар «понздаҳум» кружокҳои бисер вуҷуд доштанд.

Имрӯз дар намои мактаб бахшида ба Шелест лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст. Василий Шелест ҳамагӣ ҳашт синфро таҳсил намуд ва ба омӯзишгоҳи фабрикавӣ дохил шуд (ки он “фазанка” ном дошт), баъд аз хатми он ӯ ба заводи “Далдизел” ҳамчун дуредгар ба кор қабул шуд.

Вақте, ки ҷанг сар шуд, Василий ҳамон замон ихтиёран ба фронт рафтанро хоҳиш намуд. Ӯро ба омӯзишгоҳи пулемётӣ-миномётӣ қабул лнамудан, ки дар он ҷо ӯ курси 4-моҳаи тезсуръати муборизи ҷавонро гузашт ва унвони лейтенанти хурдро гирифта, соли 1942 ба фронт меравад ва дар фронт фармондеҳии взводи пулеметии баталиони туфангчаи мототехникии 53-ум бригадаи гвардеявии фастови танкирор ба ӯҳда мегирад. Бо баталони худ командири ҷавон, Сталинград, Курскро гузашта ва дар соли 1943 иштироки ҷадид дар муҳорибаҳо барои озод намудани Украина иштирок мекунад.

Он вақт Днепр охирин ҳудуд барои нимиллион ҷанговарони шӯравӣ шуд ва ҳамагӣ дар вақти озод намудани Украина аз ҳар се нафар як аскар қурбон шуд. Василий Шелести 20-сола низ дар ин ҷо муҳорибаи охирини худро қабул кард.

Ин кор ҳангоми озод намудани қишлоқи Грикоровкаи вилояти Киев ба вуқӯъ омад. Бригада Днепро гузашта, аллакай як моҳ ҳуҷумро мебурд. Фашистҳо, мавқеъи гумкардаи худро аз нав баргардонидани шуда, дар як рӯз якчанд маротиба ҳамлаи ҷавобиро ба наҳша мегирифтанд ва ин комёбии взводи Василий Шелестро нишон медод.

3 октябри соли 1943, ҳамлаи навбатии душманонро инъикос намуда, артиллерияи душман ҳисоби Василийро пӯшонд: минаҳо яке пушти дигар мекафиданд. Ба иваз кардани мавқеъ оғоз накарда, Шелест аз пораҳои минаи дар наздикӣ кафидашуда қурбон шуд. Ӯ ҳамагӣ 20 сола буд. Ҷасади ӯро дар қабри шаҳидон дар деҳа, ки он ҷоро ӯ муҳофизат мекард, ба хок супоридан. Аз гуфтаҳои шоҳидон, дар наздаш скрипкаро гузоштанд, ки бо он ӯ ҳатто дар фронт ҷудо намешуд.

Василий Шелести ҷавон, Қаҳрамони ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва рамзи сарҳади ноҳияҳои Хабаровск дар кӯчаи ба номи ӯ. Расм аз манбаъҳои кушод, Алексей Елаш.

Кӯчаи Шелест дар Харитаи Google

Галереяи "Садои кӯчаҳо"