Намуд ба кӯчаи Павлович. Сурат: Алексей Сахно.

Проект реализуется при поддержке Фонда президентских грантов

Дар аввал кӯчаи Павлович де юре ва де факто тангкӯча буда номаш Полковий буд, азбаски ин ноҳия ватани ҳаргуна низомиён буда, дар наздикиаш шаҳраки машҳури Волочаевский ҷойгир буд. Аммо 7-уми маи соли 1965 – дар арафаи ҷашнкунии 20-солагии Ғалаба (аз рӯи дигар маълумот соли 1975) бо қарори кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Полковий ба номи Павлович иваз карда шуд, ба ифтихори Иван Михайлович Павлович.

Аз кадом сабаб, номи ин кӯчаро иваз намудан, ба ҳеҷ кас савол ба вуҷуд намеомад – дар ҳамгашт, дар кӯчаи Постишев, то айни замон раёсати сарбозони сарҳадӣ ҷойгир аст, ки дар он ҷо дар вақташ Иван Павлович хизмат меркард.

Аммо бояд дар бораи ӯ бо тартиб нақл кард. Иван Павлович 24 феврали (7 март) 1896 сол дар оилаи оддии деҳқон -дар деҳачаи белорусии Старое Село (ҳозира вилояти Могилевск), аз Хабаровск дур, таваллуд шудааст. Вай дар давраи пурғавғо ба балоғат расид: пас аз хатми мактаб ӯ ба адои хизмат рафт, сипас ҷанги шаҳрвандӣ, гузариш ба тарафи "сурхҳо" ва аввалин супоришҳои ҷангӣ дар мубориза бо генерал Мамонтов, ки он замон Будённий ва инчунин амалиётҳоро дар Полша бомуваффақият мағлуб мекард.

Соли 1920 Павлович Курсҳои олии пиёдагардиро хатм кард, соли 1928 – Мактаби олии сарҳадчиёни Комиссириати халқии корҳои дихилии ИҶШС ва соли 1936 бошад дар Шарқи Дур таҳсил намуда, дар ҳайси сардори шӯъбаи раёсати нерӯҳои сарҳадии ноҳияи Хабаровск кор кардааст. Воқеан, аз ин сабаб ҳамин кӯчаро (пайроҳаро), ки дар наздикии аз раёсати сарҳад ҷойгир аст, ба номи ӯ гузоштаанд.

Ин ҳуқуқро – кӯчаи "шахсӣ" доштанро – Иван Павлович- дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сазовор гардидааст, ки ба он ҷо ӯ соли 1942 аз Хабаровск дар ҳайати дивизияи тирандозии Шарқи Дур рафта ва дертар ӯ онро таҳти фармондеҳӣ гирифт. Дар асл, ӯро дар муддати дароз ба фронт рафтан иҷозат намедоданд, зеро дар сарҳадҳои шарқӣ низ, ки дар он ҷо ба агрессия аз ҷониби Япония омодагӣ медиданд, ба фармондеҳон эҳтоҷиёт вуҷуд дошт. Аммо, Иван Михайлович тавонист фармондеҳонро оиди зарурияти интиқол ба артиши фаъол бовар кунонад (ба таври оддӣ гузоришҳои зиёд пешкаш мекард). Ҳамин тавр, Павлович дар самти ғарбӣ ҷойгир шуд ва дере нагузашта, ӯ ҳамчун муовини фармондеҳи дивизияи 399-уми оташфишони 48-ум армия дар фронти 1-уми Белоруссия меҷангид.

Павлович Беларуссияро бо ғайрати махсус озод мекард: моҳи июни соли 1944 баталон таҳти фармондеҳии ӯ дар дарёи Друт мудофиаи фашистиро пароканда кард ва пас аз як ҳафта қисми низомии Павлович, яке аз аввалинҳо шуда ба шаҳри Бобруйск, зодгоҳаш вилояти Могилёвск даромад. Тобистони соли 1944, полки тирандозии Павлович дар наздикии деҳаи Новинники вилояти Брест ҷойгир буд. 19 июл ба маҳаллаи аҳолинишин немисҳо ҳамла карданд, фармондеҳ дар ҳамон вақт дар нуқтаи назораткунанда ҷойгир буд. Полки ӯ ҳамлаи на танҳо аскарони пиёда, балки танкҳоро низ дафъ кард, ки онҳо аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ, беш аз шаст нафар буданд. Ин муҳориба барои полковник охирин буд. Иван Павлович ҳалок шуд, аммо душман ба деҳа ворид нагардид.

6-уми апрели соли 1945 қарор қабул шуд, ки ба Иван Михайлович Павлович унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шавад (пас аз марг). Ӯ инчунин дорои орденҳои Ленин, Байрақи Сурх, дараҷаи II Суворов, Ҷанги Ватании дараҷаи II, Ситораи Сурх ва як қатор медалҳои дигар мебошад.

Иван Павлович, сурат аз манбаъҳои кушод.

Дар кӯчаи Павлович чолиби диққат чист? Беморхонаи дуввуми минтақавию- клиникӣ, беморхонаи ВКД, ким-кадом пойгоҳҳои саноатӣ, хизматрасонии автомобилҳо, корхонаи Промсвяз, ки аз он танҳо ҳарфҳои калон боқӣ мондааст, дар тартиби шартӣ – казармаҳое, ки дар манзараи раёсати пулиси ҳарбӣ наздик ҷойгир шуда, назарногир менамояд; якчанд биноҳои баландошёнаи истиқоматии воқеъ дар Павлович ва якчанд адад дар паҳлӯ ва инчунин мағозаи “Пикник” – аввалин дар Хабаровск, ки дар он ҷо тамоми шабонарӯз ҳама чизҳои лозима барои тайёр кардани сихкабоб, харидан мумкин аст.

Дар Павлович инчунин як ҷои аҳмияти таърихӣ дошта, вуҷуд дорад. Аниқатраш вуҷуд дошт. Мувофиқи яке аз ривоятҳо, замоне дар хонаи №9 Владимир Клавдиевич Арсенев зиндагӣ мекардааст. Мутассифона, тақрибан 20 сол пеш, сарфи назар аз эътирозҳои ороми зиёиён, хона вайрон карда шуд, то имрӯз аз он танҳо хишти таҳкурсӣ боқӣ мондааст, ки дар болои он таваққуфгоҳи автомобилӣ ташкил карда шудааст. Баъзан, иштибоҳан, «хонаи Арсеневро» хонаи дар ҳамсоягӣ вуҷуд доштаи №11 ном мебаранд – ки то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз намуди таърихии он бо эълонҳои сершумор пинҳон шудааст. Бо вуҷуди ин, баъзе муаррихони маҳаллӣ ба ин ривоят, ки Арсенев метавонист дар кӯчаи ҳозираи Павлович зиндагӣ кунад, шубҳа доранд – онҳо мегӯянд, хеле дур. Дигарон мегӯянд, ки: дур аз хонаи генерал-губернатор, аммо дар наздикии корхонаи картографии ҳарбӣ, ки рӯзҳои охирини худро дар хонаи №16 дар ҳамон кӯчаи Павлович мегузаронад.

Кӯчаи Павлович дар Харитаи Google

Галереяи "Садои кӯчаҳо"