Намуд ба кӯчаи Яшин. Сурат: Алексей Сахно.

Проект реализуется при поддержке Фонда президентских грантов

Кӯчаи Яшин ба ифтихори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, хонандаи мактаби №15 Виктор Николаевич Яшин номгузорӣ шудааст.

Ин кӯча таърих дорад: дар ибтидо – аз соли 1881 то соли 1927 онро Дежневская меномиданд – ба ифтихори Семён Иванович Дежнев, таҳқиқотчии Сибири Шарқӣ, ки тангноки байни Евразия ва Амрикои Шимолиро кашф кардааст. Сипас онро ба Лесопилная иваз намудаанд: дар наздикии дарёи Лесопилка (қаблан Курча-Мурча) ҷараён дошт, ба ифтихори корхонаи савдогари чинӣ бо шаҳрвандии Русия, Тифонтай, чунин номгузорӣ шудааст.

7 майи соли 1965, дар арафаи 20-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ин ва ба чор кӯчаи дигар номи шаҳрвандони Хабаровск – Қаҳрамононҳои ИҶШС дода шуд. Ҳамин тавр кӯчаи Яшин ба вуҷуд омад.

Қаҳрамони оянда 29 январи соли 1922 дар Хабаровск таваллуд шудааст. Витя бачаи оддии он замонҳо буд: ӯ дар оилаи коргар ба воя расида, бо ҳамсолонаш ба Амур медавид ва ба мактаби №15 мерафт, ки дар он солҳо зери №5, дар казармаи чӯбии қаблӣ воқеъ дар шохаи Батуевская дар назди истгоҳи Хабаровск-1 ҷойгир шуда буд.

Ба бинои нави чорошёна бо тирезаҳои азим, толорҳои варзишӣ ва маҷлисӣ, ошхона ва устохонаҳо, Витя роҳ наёфт: соли 1936, вақте ки он кушода шуд, Яшинҳо ба деҳаи Лосиноостровский (ҳоло дар қаламрави Москва ҷойгир аст) кӯчиданд, ки он ҷо Витя ба мактаби – шогирдҳои заводу-фабрикавӣ дохил шуд. Баъд аз хатми “Фазанка” дар ҳайси дуредгар дар заводи Матишинскии сохтани вагонҳо кор мекард, дар як вақт дар аэроклуб таҳсил мекард.

Аз соли 1938 Яшин ҳаёти худро бо Артиши Сурх пайваст кард. Соли 1940 ӯ Мактаби ҳарбию -авиатсионии лётчикҳои Качинро хатм карда, дар он ҷо дар ҳайси инструктор хизмат кардааст, аз ин сабаб, дар оғози Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ӯ аллакай лётчики ботаҷриба буд.

Дар фронт Яшин аз моҳи феврали 1942 сол, дар рутбаи лейтенанти хурд. Қиркунанда (Истребител). Фармондеҳи звено ва сипас эскадрил. Дар фронтҳои Калининский, Тсентралний ва 1-уми Беларус дар ЯК-3, Як-7 ва Як-9 ҷангидааст.

Виктор Николаевич Яшин 7 сентябри соли 1943, унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро ба даст овард, вақте ки якҷоя бо Русетский ва Трофимов дар як муҳорибаи ҳавоӣ дар наздикии Смоленск 16 қиркунандаи ҷангҷӯи душманро несту нобуд кард. Шоми худи ҳамон рӯз, ба рӯйхати ғолибият боз чор адад “Ҳейнкелҳо” ва ду адад “Фоке-Вулфҳо” илова карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар солҳои ҷанг Виктор Яшин 246 парвозҳои ҷангӣ анҷом дод, 56 ҷангҳои ҳавоӣ анҷом дод, ки дар он ӯ шахсан 26 ҳавопаймоҳои душманро ва 1 адад– дар ҷуфтро сарнагун кард. Дар ин маврид, Яшин як навъ дар байни лётчикҳои шӯравӣ рекорд гузошт, панҷ адад споттёрҳои разведкавии "Фоке-Вулф-189"-ро сарнагун карда (барои сураташ ин ҳавопаймоҳоро сарбозони шӯравӣ "Рама" ва лётчикҳо бошанд "Чашми парвоз" ё "Филин" меномиданд).

Усули дӯстдоштаи мубориза бо ҷанги ҳавоии Яшин ҳамлаи фронталӣ буд, ки дар давоми он ӯ душманро маҷбур месохт, ки рӯй гардонад ва сипас ӯро бо оташ мепӯшонд. Вай аксар вақт ҳамларо аз парвози сарнишеб истифода мебурд.

Унвони Қаҳрамони ИҶСШ ба ӯ 26 октябри соли 1944 дода шуд. Ба рӯйхати мукофотҳои ӯ инчунин ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурх, ду ордени Ҷанги Ватании дараҷаи аввал ва чанд медалҳо вуҷуд доранд.

Баъд аз ҷанг, Виктор Яшин Курсҳои олии парвозҳои тактикиро дар Липетск хатм намуд ва хидмати худро дар нерӯҳои ҳавои ВВС дар ҳайати гурӯҳи низомиёни шӯравӣ дар Олмон идома додааст. Соли 1949, Яшин дар рутбаи майор ба нафақа баромад, аммо фаъолияти худро ҳамчун лётчик-озмоишгар идома дод (ӯ дар МиГ ва Ил-28-и силсилавии бамбаандозро омӯхт). Аввал дар Москва, сипас дар Ростов-на-Дон ва пас аз он аз соли 1951, дар Улан-Удэ, пас аз як сол бошад, 28 октябри соли 1952, ӯ худкушӣ кард ва дар он ҷо дафн карда шуд.

Аз рӯи яке аз нақлҳо, фоҷиа аз сабаби муноқиша бо роҳбарияти корхонаи ҳавопаймо ба вуқӯъ омад. Аммо барои бисёр афсарони ҳарбӣ, алахусус лётчикҳо пас аз ҷанг, ба зиндагии шаҳрвандӣ мутобиқ шудан, душвор буд. Ин вазъият дар филми "Сошедшие с небес" хуб нишон дода шудааст, ки дар нақшҳои асосӣ Александр Абдулов ва Вера Глаголева бозӣ кардаанд.

Воқеан, дар пойтахти Бурятия кӯчаи Яшин низ вуҷуд дорад, ки он дар яке аз маҳаллаҳои нав пайдо шудааст. Яшини "Хабаровск" байни кӯчаҳои мувозӣ Серишева ва Советский қариб аз Амур ва тақрибан то худи вокзали роҳи оҳан мегузарад. Ҳамзамон, дар тӯли тамоми дарозии худ, он якчанд маротиба "канда мешавад", қатъ мешавад ё барои ҳаракати нақлиёт номувофиқ мешавад.

Дар мавриди меъморӣ бошад, то Яшин, ба мисли бисёр кӯчаҳои воқеъ дар қисми марказии Хабаровск, тақрибан ба тамоми рангуборро ғарқ шудааст: дар ин ҷо шумо ҳам "сталинка" ва ҳам "брежневка" бо "хрушевкаҳоро" ва биноҳои панелии 10-ошёна дар баробари баландошёнаҳои муосир ва якчанд хонаҳое, ки соли 1914 аз хишти сурх сохта шударо, ҳамин тавр муносиб ба рушди пеш аз инқилобии Хабаровскро дида метавонед.

Виктор Яшин ва намуди муосири мактаби ба номи Панҷ Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он ҷо ӯ таҳсил кардааст.

Кӯчаи Яшин дар Харитаи Google

Галереяи "Садои кӯчаҳо"